сабр — I [صبر] а. бурдборӣ; бардошт, тоқат; сабр аз даст додан дигар тоқат карда натавонистан; сабр кардан тоқат кардан, бардошт кардан; косаи сабр лабрез шудан маҷ. дигар тоқату бардошт намондан II [صبر] а. бот 1. гиёҳест бо баргҳои теғдор, ки дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тоб — I [تاب] 1. асоси замони ҳозира аз феъли тобидан ва тофтан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои тобдиҳанда; (мас. ресмонтоб) тобон, фурӯзон; (маҷ. оламтоб, шабтоб…) II [تاب] тоқат, бардошт, сабр, ором, қудрат, тавоноӣ; тоб овардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дошт — I [داشت] асоси замони ҳозира гузашта аз доштан II [داشت] тобоварӣ, бардошт; бақувватӣ ( и либос, пойафзол ва ғ.); дошт додан а) тоб овардан, поистан, бардошт кардан; б) бодошт будан, бобақо будан (оид ба либос, пойафзол ва ғ.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тавон — I [توان] асоси замони ҳозираи феъли тавонистан II [توان] 1. қувват, қудрат, тавоноӣ; тавон ёфтан зӯру қувват пайдо кардан 2. тоб, тоқат, бардошт; ба қадри тавон ба қадри ҳол; тобу тавон тоқат, бардошт … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тоқат — [طاقت] а. бардошт, таҳаммул, тоб, тавон; тоқат доштан (кардан, овардан) тоб овардан, бардошт кардан, таҳаммул доштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бурдборӣ — [بردباري] сабру таҳаммул, бардошт, тоқат; бурдборӣ кардан сабру таҳаммул кардан, тоқат овардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вазнинӣ — [وزنيني] 1. вазни зиёд доштан, гаронӣ, сангинӣ; вазнинӣ доштан ( и мисраи шеъре) адш. аз рӯи қоидаи вазни арӯз дорои ҳиҷои зиёдатӣ будан, нуқсондор будани мисраи шеъре 2. душворӣ, мушкилӣ, сахтӣ: вазнинӣ кардан а) душвор будан; б) маҷ. азобу… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дандон — [دندان] 1. узви устухонӣ дар даҳони инсон ва ҳайвонот, ки вазифаи хойида хӯрдани хӯрок ва газиданро иҷро мекунад: дандони ашк, дандони курсӣ, дандони сунъӣ, дандони тилло; дар ноомади кор шиша сандон шиканад, атола дандон (зарб.) 2. ниг. дандона; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қаноат — [قناعت] а. хурсанд ва розӣ будан ба он чи ҳаст, басанда донистани чизи андак; ризомандӣ; бо қаноат а) ба чизи андак қонеъ шуда, ба он чи ҳаст, розӣ шуда; б) сарфакорона, сарфаҷӯёна; в) маҷ. бо боварӣ, бо итминон; қаноат доштан а) ниг. қаноат… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сабурӣ — [صبوري] бардошт, таҳаммул, бурдборӣ, тоқат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ